БМТ БА БОНКҲОИ ТИҶОРАТӢ КӮМАК МЕНАМОЯД
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бонки миллии Тоҷикистон меъёри фоизеро, ки аз бонкҳои тиҷоратӣ барои қарзҳо меситонад, ба андозаи 2 фоиз поин бурд. Аз маркази матбуоти БМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин иқдом дар асоси Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Миллӣ роҳандозӣ шудааст. Президенти ҷумҳурӣ дар Паёми худ таъкид карда буд, ки меъёри фоизи қарзҳои Бонки миллӣ аз 12 то 10 фоиз поин бурда шавад. Мавриди ёдоварист, ки соли равон маротибаи дуввум аст, ки меъёри фоизи қарзҳои БМТ поин бурда мешавад. Моҳи феврали соли ҷорӣ он аз 13,5 то 12 фоиз поин бурда шуда буд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






