БОВУҶУДИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ НАҚШАҲО ИҶРОШАВАНДААНД
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов, боришоти тӯлонии моҳҳои март-майи соли ҷорӣ майдони 5390 гектар кишти пахтаро нобуд сохт, ки зарари он баробари 5 млн. сомонӣ мебошад. Дар соҳаи боғу токпарварӣ бошад, хисороти он ба 29 млн. сомонӣ мерасад. Боришот ҳамчунин зироатҳои 5 ҳазор гектар киштзорро аз миён бурдааст. Офати табиӣ иҷрои нақшаи ҳосили кишоварзиро зери суол қарор додаст. Бовуҷуди ин, тамоми имкониятҳо мавҷуданд, ки соли ҷорӣ беш аз 1 млн. 200 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ гардад. Ба андешаи Саидмурод Баҳриддинов, таъсири офати табиӣ метавонад ба баланд шудани нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар таъсири манфӣ расонад.








Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид






