БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ХОРВАТИЯ АЗ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Май 24, 2009 15:18

                        Душанбе, 24 май (АМИТ «Ховар» Пайрав Назаров, Фарангис Раҳимова) Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич зимни сафараш дар Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев мулоқот кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Хорватия баъди анҷоми ин мулоқот ҳамроҳи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Окил Окилов ба шаҳри Турсунзода рафта, бо фаъолияти корхонаи бузурги саноатии мамалакат — Ширкати Алюминии Тоҷикистон шинос гардида, баъдан осорхонаи корхонаро тамошо хоҳад кард.                      Тибқи барномаи сафар, Президенти Хорватия пагоҳ ба шаҳри Хуҷанд меравад.

Май 24, 2009 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд