БОЗОРИ МОШИНФУРУШӢ ТАЪМИР КАРДА МЕШАВАД

Май 16, 2009 10:14

                       Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Харидорони мошинҳои сабукрав рӯзҳои ҷумъа, шаннбе ва якшанбеи ҳафтаи гузашта ҳайратзада шуданд. Дар бозори мошинфурӯшии «Гипрозем» аз мошин нишоне ҳам набуд. Хатти даромадгоҳ баста буд. Майдони мошинфурӯшӣ таъмиру таҷдид карда мешуд, ки ин чорабинӣ дар асоси қарори шаҳрдорӣ амалӣ мешавад.                     Роҳбарияти нави «Мошинбозори Гипрозем» ба азнавсозии бозор оғоз карданд. Акнун тибқи лоиҳаи нави бозор, барои ҳар як мошин ҷои муайян сохта мешавад ва соҳиби мошин ҳуқуқи дигар кардани ҷойро надорад.                    Ба гуфти роҳбарияти нави бозор, толори кушодаи фурӯши мошинҳои сабукрав ба истилоҳ «Автосалон» яке аз павилонҳои зеботарини Душанбе хоҳад шуд.                    Сокинони ин маҳалла қарори раиси шаҳрро хеле хуб пазируфтанд, ки он метавонад дар тозагии экологии шаҳр мусоидат намояд.  

Май 16, 2009 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд