ЧАРОҒАКҲОИ НАВИ КАММАСРАФ КОМИЛАН БЕЗАРАРАНД

Май 7, 2009 11:28

                     Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯзҳо бисёр сокинони шаҳру деҳоти мамлакат пурсон мешаванд, ки чароғакҳои нави каммасрафи сохти чинӣ ба саломатии инсон зарар доранд ё не? Фарқи онҳо аз чароғҳои муқаррарии барқӣ дар чист? Чароғакҳои нави барқиро чӣ гуна интихоб кардан мумкин аст ва ғайра? Мухбири АМИТ «Ховар» аз сардори раёсати метрологияи Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон Раҳимов хоҳиш намуд, ки ба ин саволҳо ҷавоб диҳад.                    — Қатъан изҳор менамоям, ки овозаҳо дар бораи таъсири зарарноки чароғакҳои нави каммасраф ба саломатии инсон беасосанд, — гуфт Ҷ.Раҳимов. — Бар акс, ин чароғакҳо аз худ шуои ултрабунафш ва ултрасурх мебароранд, ки ба шуои офтоб шабоҳат дошта, ба организми инсон таъсири мусбати физиологӣ ва рӯҳӣ мерасонад.                   Ба қавли Ҷ. Раҳимов, аксарияти сокинони шаҳр қисми зиёди вақти худро дар дохили хонаҳояшон мегузаронанд, бинобар ин организми онҳо ба шуои ултрабунафш эҳтиёҷи калон дорад. Ғайр аз ин, чароғакҳои нав нурро ба чор тараф баробар паҳн менамояд. Ин хасташавии чашмҳоро бартараф месозад.                  Ҷӯрахон Раҳимов зикр намуд, ки нархи то андозае баланди чароғакҳои нав аз ҳисоби масрафи ками қувваи барқ ва мӯҳлати дарози истифодаи онҳо бароварда мешавад. Қайд карда шуд, ки як чароғаки сохти чинӣ аз 6 ҳазор то 12 ҳазор соат кор мекунад, ин нисбат ба мӯҳлати хизмати чароғҳои муқаррарии барқӣ аз 6 то 15 баробар зиёд мебошад.                       Ҳамаи ин шаҳодат медиҳад, ки чароғакҳои нав комилан безарар буда, илова бар ин каммасраф мебошанд. Бинобар ин сокинони мамлакат метавонанд онҳоро бемалол ва бо дили пур истифода баранд, гуфт дар хотима Ҷӯрахон Раҳимов.

Май 7, 2009 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд