ДАР ҚАЗОН МАСЪАЛАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИРО МУҲОКИМА НАМУДАНД

Май 15, 2009 16:28

                      Маскав, 15 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон маҷлиси муштараки Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СААД дар масъалаи мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва Шӯрои сиёсати муҳоҷирати Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия кушода шуд. Муовини Муншии умумии СААД Валерий Семериков зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар бораи ҳадафҳои гузаронидани маҷлис сухан ронд. Вай зикр намуд, ки гузаронидани маҷлисҳои муштараки ҳар ду созмон ба он вобаста аст, ки масъалаҳои тақвияти муборизаро ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ бе назардошти проблемаҳои дигари муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ намудан мумкин нест.                      В.Семериков изҳор намуд, ки қисми муҳимтарини сиёсати муҳоҷирати ҳар давлат назорати ҷараёни муҳоҷират ва пешгирии таъсири манфии он ба амнияти миллӣ ва вазъияти ҷомеа мебошад.                      Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни маҷлис ҷараёни иҷрои ҳуҷҷати хотимавии машварати муштараки роҳбарони мақомоти дахлдори давлатҳои аъзои ҳар ду созмонро бахшида ба пурзӯр намудани мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, амалӣ сохтани сиёсати умумии муҳоҷират, лоиҳаи барномаи ташкили маркази байнидавлатии маълумот дар бораи коргарони муҳоҷир ва масъалаҳои дигарро муҳокима хоҳанд кард.

Май 15, 2009 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд