ДАР ДУШАНБЕ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ МАСКАВ БОЗ МЕГАРДАД

Май 7, 2009 11:16

                    Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади такмили минбаъдаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти олӣ ва инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ фармон медиҳам:                    1. Таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе маъқул дониста шавад.                   2. Фаъолияти филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия амалӣ карда шавад.                   3. Қабули довталабон ва аттестатсияи хатмкунандагони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе тибқи талабот, тартиб ва мӯҳлати аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов муқарраргардида ба роҳ монда шавад.                 4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар давоми як моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанберо ҳал намоянд.                5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли таҳсили 2009-2010 шурӯъ намуда, маблағгузории филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанберо аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин намояд.                 6. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии муваққатӣ ва тамдиди бақайдгирии муваққатии омӯзгорон ва кормандони хориҷиро, ки аз тарафи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе даъват мешаванд, таъмин намоянд.                   7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.8. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Р.А. гузошта шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонш. Душанбе 6 майи соли 2009№655 

Май 7, 2009 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд