ДАР КӮМАК СОХТМОНИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРКӢ

Май 29, 2009 18:18

                         Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз баъди анҷоми мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул изҳор намуд, ки дар ҷараёни гуфтушунид маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳо ва ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мо, аз ҷумла, масъалаҳои рушди ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика, сохтмон, саноати сабук, туризм, нақлиёт ва кишоварзӣ муҳокима кардем. Қарор дода шуд, ки нимаи аввали соли 2010 дар Тоҷикистон намоишгоҳи молҳои сохти Туркия ташкил карда шавад. Туркия ба Тоҷикистон барои ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ кӯмаки техникӣ мерасонад.                         Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки зимни сӯҳбат масъалаҳои минтақавию байналхалқӣ, аз ҷумла, проблемаҳои паҳн гардидани маводи нашъадор, мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ муҳокима шуданд. Боварии комил дорам, ки сафари Президенти Туркия ба равнақу ривоҷи бештари муносибатҳои мо мусоидат хоҳад кард, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.                           Президенти Туркия зикр кард, ки мамлакаташ ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди гидроэнергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои об, соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва ғайра давом медиҳад. Мо ба Тоҷикистон дар ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду калон кӯмак мерасонем, гуфт Абдулло Гул.  Вай қайд кард, ки барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Туркия ҷойҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд. Абдулло Гул дар фарҷоми сӯҳбат ба халқи тоҷик вобаста ба ҳисороти калони боришҳои тӯлонӣ дар давоми моҳҳои апрел ва май ҳамдардӣ баён намуд. Вай ваъда дод, ки Ҳукумати Туркия ба зарардидагон кӯмаки хайрия мерасонад.

Май 29, 2009 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд