ДАР МАҲАЛЛАИ 63 ҶАСАД ЁФТ ШУД
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Бар асари боронҳои рӯзи 5 майи соли ҷорӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе хисорот ворид гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Дустмурод Забиров иттилоъ дод, дар ҳудуди ноҳияи И. Сомонӣ дар кӯчаи Х. Назаров 4 хонаи истиқоматӣ, дар кӯчаи Ойгул 2 хонаи истиқоматӣ ва дар кӯчаи Чкаловск 1 хонаи истиқоматӣ қисман хароб гардид. Инчунин бояд қайд намуд, ки Мустафо Саидов соли таваллудаш 1989, донишҷӯи курси дуюми ДДМТ, аз қишлоқи Қандаки шаҳри Роғун буда, дар дарёи Душанбе ғарқ шуд. Ҷасади номбурдаро дар маҳалаи 63-и шаҳри Душанбе дарёфтанд.








Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид






