ДАР МАСКАВ МАҶЛИСИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СҲШ БАРГУЗОР МЕГАРДА
Маскав, 12 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 15 май дар шаҳри Маскав маҷлиси вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Рӯзномаи он, аз ҷумла, масъалаи омода сохтани мулоқоти сарони давлатҳои аъзои созмонро моҳи июни соли равон дар шаҳри Екатеринбург дар бар мегирад. Вазирон лоиҳаи Эъломия, Баёнияи муштарак ва ҳуҷҷатҳои дигари дар ин мулоқот муҳокимашавандаро баррасӣ менамоянд. Инчунин нақшаҳои ояндаи густариши фаъолияти созмон ва тавсиаи равобити он бо созмонҳои дигари байналхалқӣ ва давлатҳо, вазъияти ҷаҳон ва минтақа баррасӣ карда хоҳанд шуд. Аз Тоҷикистон дар маҷлиси мазкур вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ иштирок хоҳад кард.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






