ДАР НАТИҶАИ ОФАТИ ТАБИӢ 700 ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ ЗАРАР ДИД
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов оид ба рафъи оқибатҳои офати табиии машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварат ҳисоботи шахсони масъул шунида шуда, маълум гардид, ки боришоти пай дар пайи моҳҳои охир ба иқтисодиёти мамлакат ҳисороти зиёд ворид кардааст. Аз рӯи ахбороти расида то санаи 12- уми майи соли равон бар асари боришоти зиёд , жола ва баландшавии сатҳи обҳо дар мамлакат пурраю қисман зиёда аз 700 манзили истиқоматӣ зарар дида , 62 км роҳҳои нақлиётгард ва 72 км иншооти обёрӣ хароб шудааст. Ҳамзамон бар асари офати таббиӣ шумораи зиёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар дидаанд. Боришоти зиёди шаби 14- ум ба 15- уми моҳи майи соли равон низ ба хоҷагии халқи мамлакат ҳисороти зиёд расонид, ки зарари он муайян карда мешавад. Оқил Оқилов барои рафъи бетаъхири оқибатҳои офати табиӣ, муайян кардани шумораи умумии зарардидагон ва расонидани кўмакҳои аввалия ба аҳолии минтақаҳои зарардида ба масъулини вазорату идораҳои давлатӣ дастуру супоришҳо дода, онҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои босифати корҳои барқарорсозӣ ва кўмак ба аҳолии зарардида чораҳои зарурӣ андешанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






