ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД 27 ҲАЗОР НАФАР МАКТАБРО ХАТМ ХОҲАНД КАРД
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар ҳудуди вилояти Суғд 894 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, соли ҷорӣ 702 мактаби таҳсилоти ҳамагониро зиёда аз 27 ҳазор нафар хонандагон хатм мекунанд, ки беш аз 13 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода толибилмонро бо рӯзи хатми мактаб табрик намуда, зикр кард, ки дар давоми соли хониши сипаришуда кори мактабҳои таҳсилоти умумӣ беҳтар ва дастовардҳои омӯзгорону хонандагони вилоят бештар гардид. Аз ҷумла, 46 нафар хатмкунандаи мактабҳои вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таълимӣ сазовори ҷойҳои фахрӣ ва ба гирифтани тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ мушарраф гардиданд. Дар сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди фанҳо 22 нафар хонандаи мактабҳои вилоят ба гирифтани ҷойҳои аввал ноил гардиданд, ки ин дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи беҳтарин аст. Имсол низ ғолибият дар озмуни касбии ҷумҳуриявии «»Муаллими сол» насиби намояндаи вилояти Суғд гардид.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






