ДУ НОМЗАДИ НАВИ ИЛМ

Май 22, 2009 14:20

                       Хуҷанд, 22 май.(АМИТ «Ховар» Самад Юсуфӣ).-Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров кори илмии ду олимаи кафедраи филологияи тоҷики донишгоҳ мавриди муҳокима қарор гирифт. Унвонҷӯ Ҷӯраева Сарвиноз Бобоқуловна ҳимояи рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Муродифат дар осори Ҷомӣ» таҳти роҳбарии профессор Мукаррама Қосимова ва муқарризи расмии профессор Абдуҷамол Ҳасанов ва номзади илми филологӣ Собирҷон Ҳошимов бомуваффақият ҳимоя намуд.                       Баъд аз ин ҳимояи рисолаи номзадии унвонҷӯ Бобоҷонова Дилбар Абдумӯъминовна дар мавзӯи Воҳидхои луғавии калимаҳои семантикӣ дар «Шохнома»и Фирдавсӣ оғоз гардид. Рохбари илмӣ дотсент Ахмадҷон Давронов, муқарризи расмӣ, профессор Додихудо Саймиддинов ва дотсент Тугралхон Шокиров буда, ҳимоя бомуваффақият гузашт ва ба таҳсину офаринҳо сазовор гардид. Подоши меҳнат ва захматҳои ҳарду унвонҷӯ бобарор гардид.                        Дар шӯро доктори илмҳои филология профессор Низомиддин Зоҳидов раисӣ намуд.

Май 22, 2009 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд