ДУ ОИЛАИ АШТӢ БА АФҒОНИСТОН РАФТАНД

Май 16, 2009 10:13

                       Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз рӯзи ҷашнгирии 1 Май ду оила иборат аз 14 нафар сокинони ноҳияи Ашти вилояти Суғд тавассути сарҳади ноҳияи Шӯрообод дарёи Панҷро убур карда вориди давлати ҳамсоя шуданд.                       Аз ҷониби пулиси давлати Афғонистон 12 нафар сарҳадшиканон, ки миёни онҳо кӯдакони ноболиғ ва занон ҳам ҳастанд, дастгир шуда барои муайян кардани сабабҳои сарҳадшиканӣ зери тафтишоти хадамоти амнияти Афғонистон нигоҳ дошта мешаванд.                       Ду нафари ин гурӯҳи сарҳадшикан ҳанӯз дастгир нашудаанд ва онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.                        Чунин ҳодисаи сарҳадшикании гурӯҳӣ дар давоми мустақилияти Тоҷикистон бори аввал сурат мегирад

Май 16, 2009 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд