ДУШАНБЕГИҲО ОБ ЗАХИРА НАМОЕД!

Май 22, 2009 13:25

                        Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аз соати 22 и рӯзи 22 май то соати 22 -и 23 май дар қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳробод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Навободи Боло ва Поён , Буни Ҳисорак, Қазоқон, Испечак ва квартали Муҳандис, шаҳракҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, Испечаки 1 ва 2, Зарафшони 1 ва 2 ноҳияи Исмоили Сомонӣ: маҳаллаҳои Мишкорро ва Хоҷамбиёи Поён интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад. Дар ин хусус Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд.                          Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе, Шавкат Саидов қарори Раиси шаҳр дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз шоҳқубури самти Зарафшон истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» бо мақсади таъмин намудани маҳаллаи Нодира бо оби тозаи нӯшокӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба тасвиб расидааст.                         Сокинони маҳаллаю кӯчаҳои номбурда, имкон доранд миқдори оби лозимаро барои як шабонарӯз захира намоянд. Инчунин, раисони ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ ва директои КВД «Обу корези Душанбе» вазифадор гардиданд, ки сокинониин маҳаллаю шаҳракҳоро бо оби ошомиданӣ тавассути мошинҳои обкашӣ таъмин намоянд.

Май 22, 2009 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд