ДУЗДИИ СОХТАКОРОНА

Май 6, 2009 13:31

                               Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳи ҳамкасбонашон аз Раёсати мубориза ба муқобили ҷинояти муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар натиҷаи тадбирҳои фаврӣ ҷиноятеро фош карданд, ки 27 апрели соли равон содир карда шуд. Бояд гуфт, ки натиҷаҳои тафтишот ғайричашмдошт буданд.                Ҳамон рӯз соати 23 — ю 30 дақиқа ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ телефонӣ хабар доданд, ки шахсони номаълум мағозаи «Вохӯрӣ» — ро дар ҳудуди колхози «Россия» ғорат кардаанд. Аз рӯи хабари расида, чор шахси номаълум ба дӯкони мазкур ҳуҷум карда ва бо туфангчаи Макаров таҳдид намуда, дасту пои фурӯшандаи ҳамин мағоза Акбарҷон Маҳмадҷонови 23 — соларо баста, сандуқи оҳанин (сейф) — ро кушода, аз он 4 ҳазор доллари ИМА — ро бо худ гирифта, аз ҷои воқеа ғайб заданд. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода, барои тафтиши он таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Шариф Назаров гурӯҳи тафтишотӣ ташкил карда шуд.                    Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки воқеаи ғорат кардани мағозаро худи кормандони он Акбарҷон Маҳмадҷонов ва бародари хурдии ӯ Охунҷон Мамадҷонови 18 — сола ба таври сохтакорона бо мақсади аз худ кардани пул ташкил намуданд.                     Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бародарони ғоратгар ба ҳабс гирифта шуданд ва дафтари аъмоли онҳо тафтиш карда мешавад.

Май 6, 2009 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд