ЭҲЁИ ҶӮРОБҲОИ ПОМИРӢ

Май 25, 2009 16:43

                        Бадахшон, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Ҷӯроббофӣ шуғли пешинаи занони Бадахшон аст. Дар даврони Шӯравӣ ҷорӯбҳои помириро аҳён-аҳён танҳо ба хотири тӯҳфа барои меҳмонон мебофтанду халос. Қариб буд, ки ин пешаи нодир ба хурҷини фаромӯшӣ равад. Дар эҳёи ин неъмати гаронбаҳо қабл аз ҳама ҳиссаи занони меҳнатдӯсти яке аз дурдасттарин гӯшаи вилоят, водии Бартанги ноҳияи Рӯшон калон аст. Онҳо дар муддати кӯтоҳ кулли бозорҳои вилоятро зери тасарруфи хеш қарор доданд. Ва на танҳо пешаи қадимии ин мардумро эҳё гардониданд, балки аз даромади гирифтаашон рӯзгори хуш ҳам доранд. Зеро ба ҷӯробҳои помирӣ меҳмонони мамолики хориҷӣ, ба вижа шаҳрвандони Амрикову Аврупо таваҷҷӯҳи хоса доранд. Ин бошад ба буҷаи оилавии ҳунармандон маблағи хуб ворид мегардонад. Имрӯз ҷӯроббофӣ дар вилоят равнақ пайдо намудааст.

Май 25, 2009 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд