ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАҶАЛЛАИ «ДРУЖБА НАРОДОВ» — РО ТАБРИК НАМУД

Май 21, 2009 10:45

                      Маскав, 21 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Бегоҳии 20 май дар шаҳри Маскав ба муносибати 70 — солагии таъсиси маҷаллаи адабии «Дружба народов» ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар он намояндагони давлатҳои ИДМ, Маҷлиси федералии Русия, Вазорати фарҳанги ин мамлакат ва созмонҳои байналхалқию ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати таҳририяи маҷаллаи адабию бадеӣ ва ҷамъиятию сиёсии «Дружба народов» — ро ба муносибати 70 — солагии таъсиси он табрик намуд. Дар номаи шодбоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки пешрафту инкишофи адабиёти тоҷик, хусусан дар даврони шӯравӣ ба нашри ҳамин маҷалла вобаста мебошад. Адабиёти тоҷик тавассути ҳамин маҷалла бо адабиёти миллатҳои дигари шӯравӣ равобити ҳамаҷониба дошт. Қобили қайд аст, ки дар шумораи нахустини маҷаллаи «Дружба народов» афсонаҳои халқии тоҷикӣ ва мақола дар бораи фолклори тоҷик чоп шуда буданд. Аз ҳамон вақт сар карда, тақрибан дар ҳар шумораи маҷалла намунаҳои эҷодиёти адибони тоҷик ба табъ мерасиданд».                     Аз дафтари матбуоти Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имрӯзҳо ба унвони маҷалла номаҳои табрикӣ ва барқияҳои сершумор мерасанд. Як қисми онҳо аз номи сарони давлатҳҳои ИДМ фиристода шудаанд.                      Дар маҷаллаи «Дружба народов» соли 2008 боби махсуси «Китобхонаи «Дружба народов» барқарор карда шуд. Дар он аз эҷодиёти адибони машҳури давлатҳои Иттиҳод шаш китоб чоп карда шуд.

Май 21, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд