ФАЪОЛИЯТИ «МАРКАЗИ БОВАРӢ»

Май 21, 2009 12:38

                      Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷӯмҳурӣ ҳамоҳангсози сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барномаҳои давлатии оид ба масъалаи занон ва оиларо аз ҷониби Кумита роҳандозӣ месозад,- иброз дошт раиси кумитаи мазкур Хайринисо Юсуфӣ.                         Дар назди Кумита «Маркази боварӣ» фаъолият дорад. Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ  Марказ ба зиёда аз 400 нафар занону духтарони корафтода маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва психологӣ расонидааст.                     Кумитаи кор бо занон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи грантҳои Президентӣ» барои занони соҳибкор дар давоми солҳои 2008-2010 -10 грант дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 15 ҳазор сомониро мавриди амал қарор додааст.                         Соли 2009 аз 79 соҳибкорзанони ба комиссияи грантӣ лоиҳа пешниҳоднамуда, 30 лоиҳаи он ғолиби озмун дониста шуданд.

Май 21, 2009 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд