ФИШОР – ТАКТИКАИ БЕҲТАРИН НЕСТ
Душанбе, 5 май. (АМ ИТ «Ховар, Лаззат Диловарзод).- Тақсимоти бераҳмонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ду гурӯҳ, оқибат ба ихтилофи минтақа оварда мерасонад. Фишор- тактикаи аз ҳама беҳтарин нест,-иброз доштааст директори гурӯҳҳои баҳодиҳии таваккалӣ Досим Сабпаев дар мусоҳиба ба «Рӯзномаи мустақил». Ӯ пешниҳод кардааст, ки барои давлатҳои қашшоқи минтақа чун Тоҷикистону Қирғизистон дар вазъияти имрӯза танҳо як роҳ аст: ва он ҳам ҳатман рушди энергетика, ки дар баробари рафъи бӯҳрони энергетикӣ дар ин кишварҳо ғанисозандаи буҷаи ҷумҳурӣ низ мебошад. Бисёр хуб мешуд агар Тошкент мавқеи сахтгиронаи худро дар нисбати ҳамсоягон аз нав дида мебаромад.Ҳамин тавр кӯшиши ташкили консорсиуми обу барқ, ки метавонист дар минтақа бавуҷудоварандаи заминаи иқтисодӣ бошад, барбод рафт,-афзудааст Дасим Сабтаев дар ин мусоҳиба.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






