ФОРУМИ СОҲИБКОРОНУ ТОҶИРОНИ ДУ ДАВЛАТ
Нимаи дуюми рӯз 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул дар Форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия, ки субҳи имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаёт реҷенси» оғоз ёфта буд, иштирок намуданд.Месазад таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гулро дар ин сафар дар баробари ҳайати калони ҳукуматию парлумонӣ беш аз 150 нафар соҳибкорону тоҷирони соҳибнуфузи кишвараш ҳамроҳӣ мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул аз имконоти васеи ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар ёдовар шуда, соҳибкорону тоҷирони туркиро ба сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд даъват намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар форум бо қаноатмандӣ аз афзоиши шумораи кишварҳои хориҷие, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ доранд, ёдовар шуда, соҳибкорону тоҷирони Туркияро низ ба ҳамкории аз имрӯза бештар даъват намуд. Таъкид гардид, ки «мубодилаи мол бо кишварҳои хориҷӣ дар панҷ соли охир ҳудуди дуюним маротиба боло рафт. Ҳаҷми гардиши савдои мутақобил бо Ҷумҳурии Туркия бошад, дар ҳамин давра қариб 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод». Зикр гардид, ки имкону захираҳои ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, саноати сабук, кишоварзӣ, сохтмон ва ғайра хеле фаровонанд. Соҳибкорону тоҷирони туркӣ бо назардошти имконоти васеъ бештар ба иштирок дар бунёди нерӯгоҳҳи обӣ ва корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди нахи пахта, пила, пашму пӯст, меваю сабзавот ва сангҳою металҳои қиматбаҳо мароқ зоҳир намуданд. Иштирок дар сохтмони роҳҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ ва иншооти марбут ба туризм низ барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ гардид. Ширкатҳои Туркия метавонанд дар сохтмони биноҳо, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрока бо назардошти мавҷудияти имконият ва талабот ба ин маҳсулот фаъолияти имрӯзаи худро дар кишвари мо боз ҳам тақвият бахшанд. Баъди иштирок дар форуми мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ҳамчунин аз литсейи тоҷикии туркии ба номи ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе дидан карда, аз сатҳи баланди донишу малакаи хонандагони он изҳори хушнудӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






