ХОҶАГИҲОИ ЁРИРАСОН ЗАРУРАНД

Май 8, 2009 18:49

                     Бадахшон, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Ташкили хоҷагиҳои ёрирасон имрӯз тақозои вақт аст, зеро саҳми онҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ беандоза мебошад. Дар ВМКБ солҳои охир идороту муассисот, ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорони алоҳида дар ин самт корҳои муайянеро сомон доданд. Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, тӯли 2 соли охир Раёсати кишоварзӣ, хоҷагии об, Кумитаи муҳити зист, ҷамъияти саҳҳомии «Телеком», муассиаи «Тоҷиклизинг», Идораи «Помирнақлиёт», «Ташкилоти вилоятии Салиби сурх» доир ба парвариши картошкаю сабзавот, асалпарварию паррандапарварӣ хоҷагиҳои ёрирасонро ташкил додаанд. Идороту муассисоти номбурда ба маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасон на танҳо коргаронашонро таъмин менамоянд, балки ба бозор низ мебароранд.                     Соҳибкорон Насриддин Сабзалиев ва Айдибеки Бекмуродӣ дар ноҳияи Мурғоб беш аз ҳазор қутос доранд.

Май 8, 2009 18:49

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд