ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ЗАМОНАВӢ СОХТА МЕШАВАД

Май 27, 2009 16:43

                         Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин, дар шаҳр ба ҷои биноҳои солҳои 40-50-и асри гузашта биноҳои нави истиқоматии замонавӣ сохта мешаванд.                            Дар тамоми ҳудуди шаҳру деҳоти Ваҳдат дар айни замон иншооти зиёди маданӣ, маишиву хизматрасонӣ, тандурустӣ, истиқоматӣ, ки дар асоси қарори раиси шаҳр ба соҳибкорон ва шахсони алоҳида иҷозат дода шудаааст, сохта мешаванд.                             Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, бинобар зиёд шудани аҳолӣ дар ноҳия, бунёди биноҳои истиқоматӣ мебошад. Дар оянда низ баҳри дар маҳалҳои алоҳидаи шаҳр ҷой додани сохтмони биноҳои нави ҳозиразамон лоиҳаҳои нав пешниҳод мешаванд.Ҳамзамон барои беҳтар кардани намуди меъмории биноҳои сохташудаи солҳои 50-60-уми асри гузашта корҳои зебсозӣ (дизайнерӣ) бурда мешаванд.                           Дар сурати аз санҷиш гузаштан ба тобоварӣ, сохтмони хонаҳои 2 ошёна ба 4-5 ошёна табдил дода мешаванд. Бо ин усул аллакай чанд бино дар роҳи Норак сохта шудааст.

Май 27, 2009 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд