ИХТИРОЪКОРИИ ХУРШЕД

Май 19, 2009 16:00

                      Душанбе, 19 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Тоҷикистон нахустин барномаи талаффузи компютерии матни тоҷикӣ ихтироъ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.                       Ихтироъкори барномаи мазкур муаллими калони кафедраи барномасозӣ ва технологияи иттилоотии филиали дар Хуҷанд будаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, унвонҷӯи ин Донишгоҳ Хуршед Худойбердиев аст. Ихтирои Хуршед Худойбердиев барои хоҳишмандон имкон медиҳад, ки талаффузи садоии ҳама гуна матни тоҷикиро тариқи комютер бишнаванд. Дар ихтирои барномаи мазкур мегӯяд, Х. Худойбердиев ба ман устодам доктори илмҳои физика ва математика, профессори Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Зафар Усмонов кӯмак намуданд. Барномаи талаффузи компютерии матни тоҷикӣ барои шахсони нерӯи босираашон суст ва ё аз узви бинои маҳрум ва барои онҳое, ки хоҳиши омӯхтани забони тоҷикиро доранд, тавсия карда мешавад, бахусус аз нуқтаи назари грамматика, фонетика ва морфология. Ин барнома дар тӯли се сол ихтироъ гардида, дорои 3259 ҳиҷо аст. Олими ҷавон афзуд, ки ҳарчанд то имрӯз барномаҳои луғавии тоҷикӣ истифода мешуданд, аммо ворид кардани матни садоии тоҷикӣ аввалин маротиба аст. Тӯли ним сол аст, ки аз барномаи ихтироъ намудаи Хуршед аъзои ҷамъияти нобиноёни ҷумҳурӣ истифода менамоянд. Муштариён метавонанд иттилоъи бештареро доир ба ин барнома дар сомонаи интернетии tajik-tts.narod.ru пайдо намоянд.

Май 19, 2009 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд