ИМЗОИ МЕМОРАНДУМИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Сафари ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Шӯрои ҷавонони ин мамлакат Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ дар Тоҷикистон давом дорад. Аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки меҳмонони эронӣ 17 май дар маросими ақди никоҳи 50 писару духтар ширкат варзида, баъд осорхона ва масҷиди шайх Муслиҳиддинро дар шаҳри Хуҷанд зиёрат карданд. 18 май мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳоҷи Алии Акбарӣ баргузор гардад. Сипас ҳайати Эрон ба тамошои Қалъаи Ҳисор рафт. Баъди чошт раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо ноиби Президенти Эрон мулоқот хоҳад кард. Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ баъдан дар Коҳи Ваҳдат бо олимону аспирантҳо ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ мулоқот анҷом хоҳад дод.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






