ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ КАМ МЕГАРДАД
Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Миқдори воридоти маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Россия ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 фоиз кам шудааст. Аз рӯи маълумоти оморӣ, соли 2008 интиқоли маблағ 55 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2007 камтар мебошад.Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, интиқоли маблағ то охири соли 2009 бо сабаби аз кор мондани корхонаҳо дар Федератсияи Россия боз бештар коҳиш меёбад, ки ин ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бетаъсир намемонад. Тибқи маълумоти хазинаи байналмилалии асъор, тараққиёти иқтисодиёти Федератсияи Россия дар давоми 4 моҳи соли 2009 6 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ба рушди иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ гузошта метавонад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






