КӮДАКИ 8- СОЛА — ҚУРБОНИИ ҶИНОЯТПЕША
Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Чанде қабл кормандони ВКД-и ҷумҳурӣ дар натиҷаи амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт Раҳматшоҳ Шомаликовро, ки қаблан суд шуда буд, бо ҷурми даст доштан ба куштор боздошт намуданд. Номбурда соати 17 бегоҳии 7 май, дар ҳолати мастӣ ба боварии талабаи синфи якуми ҳаштсола Н., даромада ӯро бо роҳи фиреб ба бинои собиқ ҷамоат бурда, маҷбуран ноболиғро мавриди таҳқири хусусияти шаҳвонидошта қарор медиҳад. Баъди анҷоми ҷиноят гулӯи қурбониро бо шиша буридааст, ки дар натиҷаи рафтани хуни зиёд ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҳалок мегардад. Худи ҳамон шаб Раҳматшоҳ Шомаликов ҷасадро ба халта андохта, бурда ба хонаи яке аз сокинони шаҳраки Навобод мепартояд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






