КӮМАКИ БОНКИ ҶАҲОНӢ БА ТОҶИКИСТОН

Май 28, 2009 09:36

                        Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дирӯз дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ маросими имзои созишнома дар бораи ҷудо кардани маблағ барои иҷрои барномаи беҳтар сохтани идораи молияи давлатӣ байни Тоҷикистон ва Ассосиатсияи байналмилалии рушд баргузор гардид. Тибқи созишнома, Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо ин мақсад ба маблағи 5 миллион доллари ИМА кӯмак мерасонад. Созишномаро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Кёр Бронки имзо карданд.                      Ҳадафи барнома бештар сохтани самара ва таъмини шаффофияти идораи соҳаи молия бо роҳи тақвияти фаъолияти ташкили буҷет ва хазинадорӣ, ташкил ва истифодаи системаи автоматиконидашудаи иттилоотии идораи молия ва афзун гардондани имкониятҳои соҳаҳои асосии идораи молияи давлатӣ мебошад.                      Барнома барои дастгирии ислоҳоти алоҳидаи асосии идораи соҳаи молия барои солҳои 2009 — 2018 тартиб дода шудааст, ки онро барномаи стратегии идораи соҳаи молия аз тарафи ҳукумат, ташкили имкониятҳои самарабахши Вазорати молия ва ташкилоту идораҳои дигари дахлдор муайян менамояд.                      Барнома афзун гардондани имкониятҳои идораи соҳаи молия, самараноктар гардондани тартиботи асосии идораи соҳаи молия ва тайёрӣ ба автоматӣ кунонидани амалиёти асосии идораи соҳаи молияи давлатиро дар бар мегирад.                      Барои иҷрои барнома аз ҳисоби маблағҳои кӯмаки Ассоситасияи байналмилалии рушд, инчунин, маблағгузории иловагии Ҳукумати Ҷопон, Ҳукумати Британияи Кабир ва Комиссияи Аврупо маблағ ҷудо карда хоҳад шуд. Ҳукумати Швейтсария айни ҳол имконияти расондани кӯмакро ба Тоҷикистон барои гузаронидани ислоҳоти ҳисобу китоби бухгалтерӣ дар сектори давлатӣ баррасӣ менамояд.                     Давраи иҷрои барнома аз 31 августи соли 2009 то 31 августи соли 2014 пешбинӣ карда мешавад.  

Май 28, 2009 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад