КӮМАКИ ФОНДИ АБӮ-ЗАБӢ БА ТОҶИКИСТОН

Май 20, 2009 10:13

                        Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 18 май зимни сафар ба Арабистони Саудӣ дар шаҳри Дубайи Аморатҳои Муттаҳидаи Араб таваққуф намуд. Вай дар ин ҷо бо намояндагони Фонди рушди Абӯ — Забӣ, роҳбари фонди мазкур Муҳаммад Ассувайди ва генерал — лейтенант, директори генералии масъалаҳои ҳамлу нақли мол дар ҳукумати Абӯ — Забӣ Фарос Алмазворӣ мулоқот кард.                       Ҳ.Зарифӣ зимни сӯҳбат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди рушди Абӯ — Забӣ барои ҷудо кардани маблағ ҷиҳати сохтмони роҳҳо дар Тоҷикистон ба воситаи Бонки рушди исломӣ изҳори сипос намуда, муроҷиати хатии Ҳукумати Тоҷикистонро дар масъалаи расондани кӯмак дар бартараф сохтани оқибати фалокатҳои табиӣ ба мизбонон супорид.                       Ҳамрохон Зарифӣ, инчунин, бо супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон ва аҳамияти онҳоро барои мамлакатҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор дод.                        Сипас дар бораи ҳамоҳанг сохтани маблағгузорӣ барои иҷрои барномаҳои сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба мамлакатҳои дигари минтақа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё хабар дода шуд. Мусоҳибон ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки фонди Абӯ — Забӣ ба гузоштани маблағ барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон манфиатдор мебошад.                        Зимни сӯҳбат паймон карда шуд, ки ҳайати фонд 20 май барои гузаронидани гуфтушунид бо вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон дар масъалаи иштирок ва сармоягузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ ба Душанбе ташриф хоҳад овард.  

Май 20, 2009 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад