КИТОБИ НАВ ДАР БОРАИ СИЁСАТИ БЕРУНИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИХТИЁР

Май 7, 2009 18:32

                    Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — Нашриёти «Иттилоот ва муошират» китоби нави Зафар Сайидзода, Абдунабӣ Сабуров ва Фаридун Саидовро таҳти унвони «Меъёрҳои сиёсати берунӣ ва иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баровард. Китоб ба 65 — солагии таъсиси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он мақолаҳое гирд оварда шуданд, ки дар давоми як соли охир нашр гардида, дар бораи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналхалқӣ нақл мекунанд. Асар аз се қисм иборат аст. Онҳо ба мавзӯъҳои гуногуни сиёсати берунии Тоҷикистон дар давоми як сол, проблемаҳои ҷаҳони ислом ва масъалаҳои муҳимтарини сиёсати иттилоотии давлат бахшида шудаанд.                 Асар барои олимон, мутахассисон, донишҷӯён, аспирантҳо ва гурӯҳҳои дигари хонандагон пешбинӣ шудааст, ки ба проблемаҳои иттилоотӣ ва сиёсати берунии Тоҷикистони имрӯза мароқ зоҳир менамоянд.

Май 7, 2009 18:32

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд