КОНФРОНС БАХШИДА БА ЗОДРӮЗИ МУҲАҚҚИҚИ БАРҶАСТА
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ гузаронидани 2 конфронси чумхуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. Декани факултаи таърихи донишгоҳ Насрулло Убайдуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки моҳи октябр дар ин ҷо бахшида ба 80-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс баргузор мегардад. Н. Убайдуллоев қайд намуд, моҳи ноябр гузаронидани конфронси ҷумҳуриявӣ, бахшида ба 140-солагии яке аз шахсиятҳои барҷаста, маҳаққиқ ва академик Василий Бартольд, ки солҳои дароз ба таҳқиқу омӯзиши Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон машғул буд, пешбинӣ карда мешавад. Айни ҳол мавзӯи маърӯзаҳо ва рӯзномаи ин конфронсҳо муайян карда мешаванд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






