КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҶТ 16 майи соли равон дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод, бахшида ба Рўзи байналмилалии осорхонаҳо конфронси илмии ҷумҳуриявии «Зарурат ва проблемаҳои такмили фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар кори конфронс Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, мудири шўъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, намояндагони Академияи илмҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, инчунин дигар осорхонаҳои ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард. Дар он мутахассисони соҳа дар мавзўъҳои таърихи ҷамъоварии осори таърихӣ, такмили фонди Осорхонаи миллӣ дар даҳ соли охир, зарурати ҷамъоварии осори хаттӣ ҳамчун ёдгории тамаддун дар осорхонаҳо, нақши Осорхонаи миллӣ дар ҷамъоварӣ ва ҳифзи сиккаҳо ва ғайра баромад мекунанд. Қабл аз оғози конфронс намоиши ёдгориҳои ҷамъоваришудаи замони истиқлол баргузор мегардад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






