КОРГАРОН АЗ ҒИЗОВУ ХОБГОҲ ТАЪМИНАНД
Бадахшон, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Назрӣ» дар шаҳри Хоруғ бунёди Кохи ҷавононро ба зима дорад. Кохи ҷавонон дар шаҳри Хоруғ аз қабили силсилаиншоотҳоест, ки бо ибтикори Президенти кишвар рӯи кор омадаанд ва ҳамаи онҳо бояд то соли 2010 мавриди истифодабарӣ қарор гиранд. Ба хотири бунёди кохи ҷавонон дирексияи сохтмони дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар 5 млн. 650 ҳазор сомони ҷудо намудааст. Дар ин ҷо 60 нафар коргар кор мекунанд, ки бо ҷои хобу ғизо таъминанд. Бинои Литсейи президентиро низ ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Назрӣ» бунёд менамояд ва дар ин ҷо низ ҳамин қадар коргар фаъолият мекунад. Иддае аз онҳо моҳе беш аз 1000 сомонӣ ҳаққи меҳнат мегиранд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






