КОРХОНАҲОИ НАВ БА КОР САР КАРДАНД

Май 5, 2009 14:22

                Қӯрғонтеппа, 5 май. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Дар шаҳри Сарбанд якбора се корхонаи нав ба кор шурӯъ намуд. Ин имкон дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бештар карда, теъдоди зиёди одамон бо кор таъмин карда шаванд.                Яке аз ин корхонаҳо корхонаи ордкашӣ мебошад. Корхона дар давраи аввал ҳар шабонарӯз 80 — 90 тонна орд истеҳсол мекунад. Айни ҳол дар ин ҷо 30 нафар кор карда, ба ҳисоби миёна 300 сомонӣ маош мегиранд. Ояндаи наздик баъди ба кор даромадани коргоҳҳои иловагӣ боз 30 нафари дигар ба кор ҷалб карда мешавад.                 Дар корхонаи нави истеҳсоли регу шағал 16 нафар ба кор қабул карда шуд. Корхона айни ҳол ҳар рӯз то 200 тонна регу шағал истеҳсол мекунад. Бинои нави хизмати маишӣ дар даромадгоҳи шаҳри Сарбанд қомат афрохт. Рӯзи аввал дар ин ҷо 10 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик ба корхона 30 нафари дигар ба кор қабул карда мешавад.

Май 5, 2009 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд