КОРМАНДИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯРО ҲАБС КАРДАНД

Май 22, 2009 16:33

                        Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Мавлонназар Шерназаров ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ, бо мақсади дар ошкор кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ беҳтар нишон додани фаъолияти хеш, моҳи июли соли 2007 ба сохтакории далелҳо даст зада, дар хусуси аз муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Хуросон М. Алимардонов гирифтани 100 доллари ИМА протоколи қалбакӣ тартиб додааст. Вобаста ба ин ҳолат, 15 октябри соли 2008 аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ нисбати М. Шерназаров оид ба сохтакории далелҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти он ба прокуратураи вилояти Хатлон вогузор шуда буд.                    Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ М. Шерназаров ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.                       Парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷом додани тафтишоти пешакӣ барои баррасӣ ба суд фиристода шуд. Дар натиҷа, бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон аз 19 майи соли ҷорӣ Мавлонназар Шерназаров дар сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ 5 сол ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мӯҳлати 3 сол ва маҳрум кардан аз рутбаи махсуси палковники адлия, таъин карда шуд.                      Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доднд.

Май 22, 2009 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд