«КОРНАМОИИ ПАДАРОН» ДАР ВАҲДАТ

Май 7, 2009 14:05

                   Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Осорхонаи таърихии кишваршиносии ба номи 10-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Ваҳдат гӯшае бо номи «Корнамоии падарон» ташкил карда шуд. Дар он расмҳо, хуҷҷатҳо ва сару либосҳои баъзе аз истиқоматкунандагони шаҳру ноҳия, ки дар мубориза бо фашизм ҷоннисориҳо намудаанд, гузошта шудааст. Ҳар яке аз ин ҳуҷҷатҳо воқеоти он давраро ба бинандагон муфассал бозгӯ мекунанд. Ҳар рӯз аз тамошои ин осорхона на танҳо калонсолон, балки хонандагони мактабҳои ҳамагонии ноҳия низ баҳра мегиранд.                  Бояд тазаккур дод, ки дар набардҳои зидди фашизм аз ин минтақаи ҷумҳурӣ 10 ҳазор ҷавонмардон иштирок намуда, аз он зиндаву саломат ба Ватан 2,700 нафар баргаштанд. То имрӯз танҳо 108 нафар собиқадорони ҷанг дар қайди ҳаёт буда, даври пирӣ меронанд. Ба синну соли худ нигоҳ накарда, ҳар яке аз онҳо ба тарбияи насли наврас машғуланд.                Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд.

Май 7, 2009 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд