ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТ НИЗ СОҲИБИ ИНТЕРНЕТ ГАРДИД
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Литсей-интернати бачагони боистеъдоди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муаррифии маркази интернетӣ ва коллекторҳои офтобӣ доир гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Эн Ҷейкобсон, раиси ноҳияи мазкур Умедхоҷа Зоҳиров, узви Шӯрои ҶСК «Агроинвестбонк» Гулафзо Савриддинова ва намояндагони Фонди Карнеги барои сулҳи байналмилалӣ иштирок намуданд. Гуфтанист, ки ин маркази интернетӣ ва коллекторҳои офтобӣ бо кӯмаки молиявӣ ва техникии Фонди Карнеги роҳандозӣ шуда, ин иқдом дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби ин ташкилоти байналмилалӣ бори аввал аст. Маркази интернетӣ бо 5 компютер ҷиҳозонида шуда, бо шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошад ва ҳангоми набудани нерӯи барқ ин марказ бо истифода аз коллекторҳои офтобӣ фаъолият мекунад. Иқтидори ин коллекторҳо то 20 -25 компютер аст. Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Умедхоҷа Зоҳиров аз кӯмакҳои мунтазами Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва ташкилотҳои амрикоӣ изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки бо ибтикори бевоситаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорат ва ташкилотҳои байналмилалии ИМА дар самтҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, расонидани тухмиҳои хушсифат ва амсоли инҳо дар ҳудуди ноҳия лоиҳаҳои махсусро амалӣ мегардонанд, ки бевосита ба рушди мутақобилан судманди хоҷагии халқи ноҳия мусоидат мекунад. Мавриди зикр аст, ки ҶСК «Агроинвестбонк» бо амри Сарвари Давлат сарпарастии Литсей-интернати бачагони боистеъдоди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро ба ӯҳда дорад. ҶСК «Агроинвестбонк» мунтазам дар арафаи идҳои расмӣ ба ин Литсей-интернат кӯмакҳои моддию молиявӣ мерасонад. Узви Шӯрои ҶСК «Агроинвестбонк» Гулафзо Савриддинова дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки Шӯрои ҶСК «Агроинвестбонк» тасмим гирифт, ки минбаъд кӯмаке кунад, ки баҳри ободонии литсей-интернат мусоидат намояд. Бо ин мақсад, дар мувофиқа бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тасмим гирифта шуд, ки чоҳи обкашӣ ва хатҳои оби нӯшокии ин литстей таъмири пурра карда шавад. Аз ин рӯ, ҶСК «Агроинвестбонк» дар якҷоягӣ бо Фонди Карнеги барои сулҳи байналмилалӣ ҷоҳ ва хатҳои интиқоли оби нӯшокӣ ва обҳои хобгоҳу ҳаммоми ин Литсей-интернатро пурра таъмир карда, ба истифода дод. «Мо минбаъд низ кӯмакҳои худро ҳамчун сарпараст ба Литсей-интернати бачагони болаёқати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ идома дода, мекӯшем, ки дар бартараф сохтани камбудиҳои дигари дар ин муассисаи таълимӣ ҷойдошта мусоидат намоем», — тазаккур дод дар хотима Г. Савриддинова.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






