М. МОРДАСИНИ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕКУНАД

Май 15, 2009 13:08

                       Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14 май бо мудири иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Мишел Мордасини мулоқот анҷом дод.                        Меҳмон баъди анҷоми мулоқоташ бо сарвари давлат барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай дар оғози сӯҳбаташ зикр кард, ки байни Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон мубодилаи мунтазами маълумот ба роҳ монда шудааст. Чунин мулоқотҳо бо Президент аҳамияти калон доранд, зеро дар натиҷаи онҳо масъалаҳои муҳим ҳал карда мешаванд. М.Мордасини зикр намуд, ки сафари ӯ ба Душанбе ба конфронси намояндагони мамлакатҳои мададрасони Тоҷикистон вобаста мебошад. Дар конфронси мазкур проблемаҳои вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ муҳокима шуданд. Натиҷаҳои конфронс умедворкунанда мебошанд, гуфт М.Мордасини.                        Вай зикр намуд, ки ҳамроҳи Президент масъалаҳои марбут ба таъсири бӯҳрони молиявиро ба иқтисодиёти Тоҷикистон, инчунин, тадбирҳои Ҳукумати мамлакатро барои пешгирии оқибатҳои он муҳокима кардааст. Зимни сӯҳбат масъалаҳои рушди соҳаи энергетика, баргардондани қарзҳо ва таъсири манфии онҳо ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат баррасӣ шуданд.                        Мулоқот шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои равнақу ривоҷи тиҷорату соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёт тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин бобат Бонки ҷаҳонӣ ба воситаи Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад.                      Қайд кардла шуд, ки моҳи августи соли гузашта дар Душанбе масъалаи таҳияи барномаи стратегии марбут ба истифодаи захираҳои об ва энергетикаи Осиёи Марказӣ муҳокима шуда буд. Ин кори осон нест ва гуфтушуниду мулоқотҳои роҳбарони мамлакатҳои минтақаро талаб менамояд.Президент Эмомалӣ Раҳмон маро дилпур сохт, ки барномаи мазкур сари вақт таҳия ва иҷро карда мешавад.

Май 15, 2009 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад