М. УБАЙДУЛЛОЕВ БА 310 НАФАР СОБИҚАДОРОНИ ҶБВ КӮМАКИПУЛӢРАСОНД
Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи ҷашни Ғалаба -9 май бо қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба 310 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маблағи 350 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод. Ҳамзамон, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9 май дар Боғи мемориалии «Ғалаба»-и пойтахт ҳамоиши ёдбуд баргузор гашта, дар он аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони парлумон, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок менамоянд. Иштирокдорони ҳамоиш, ҳамчун рамзи эҳтиром ба мардонагӣ ва корнамоиҳои ҷовидонаи иштирокчиёни ҶБВ дар назди «Оташи абадӣ» гулчанбарҳо мегузоранд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






