МАҲСУЛОТИ «ТАКОМУЛ» ВА «ПОМИРЧАРМ» БА ХОРИҶА ФИРИСТОДА МЕШАВАД
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Такомул» ва корхонаи муштараки Тоҷикистону Афғонистон «Помирчарм» ба истеҳсоли маҳсулот сар карданд. Аз раёсати саноати сабуки Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки маҳсулоти ин корхонаҳо ба хориҷа фиристода мешавад. Ин корхонаҳо дар доираи Барномаи ҳукуматии «Коркарди пурраи маҳсулоти чорво (пӯст ва пашм) то соли 2015» дар заминаи ҶС «Интерфёр» ташкил ёфтаанд. Корхонаи «Такомул» аз чарм маснуоти гуногун тайёр мекунанд, корхонаи «Помирчарм» ба коркарди пӯст махсус гардонида шудааст. Иқтидори «Помирчарм» дар давоми як моҳ то 30 ҳозор дона пӯстро барои истеҳсол кардани маҳсулот омода мекунад. Ин бо маблағгузории ширкати Афғонистон «Афғончарм» имконпазир мегардад. Дар ҳар ду корхона тамоми таҷҳизот тармим карда шуд, мутахассисони Ҳиндустон роҳу усулҳои истифодаи онҳоро бо ҳамкасбони тоҷикашон омӯхтанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






