МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ МУШТАРАКИ НАЗОРАТӢ
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар Душанбе маҷлиси навбатии 20 — уми Гурӯҳи муштараки назоратии ҳалли проблемаҳои сарҳад баргузор гардид. Дар он намояндагони сохторҳои низомӣ ва дипломатии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маҷлиси мазкур ҳар сол ду маротиба фаслҳои баҳору тирамоҳ дар яке аз мамлакатҳои ҳамсарҳади Чин ва дар худи ин мамлакат гузаронида мешавад. Дар маҷлис масъалаҳои таъмини амният дар сарҳад ва ҷузъу томҳои низомии дар минтақаи сарҳад ҷойдодашуда баррасӣ карда мешаванд. Маҷлиси бистуми Гурӯҳи муштарак ба 10 — солагии таъсиси он рост омад ва дар фазои амалию судбахш, эҳтироми ҳамдигар ва ҳусни тафоҳум гузашт. Маҷлис таҳти раёсати намояндагии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар фарҷоми он қарорҳои дахлдор қабул шуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






