МАҶЛИСИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ БАЙНИДАВЛАТИИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИЮ НИЗОМИИ СААД
Маскав, 18 май. ( АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 20 май дар шаҳри Минск маҷлиси навбатии шашуми Комиссияи байнидавлатии ҳамкории иқтисодию низомии мамлакатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Дар он ҷараёни мувофиқа сохтани пешниҳодот дар бораи таҳияи барномаи ҳамкории иқтисодӣ ва низомии мамлакатҳои аъзои созмон то соли 2015, Созишномаи принсипҳои умумии ташкили иттиҳодияҳои байнидавлатии илмию истеҳсолӣ барои тавлиди молҳои таъиноти ҳарбӣ, протоколи таъмини истифодаи муштараки техникию иттилоотии техника ва аслиҳаи ҳарбӣ дар давлатҳои аъзои созмон муҳокима карда мешаванд. Дар маҷлис, инчунин, масъалаи интихоби раиси комиссия, нақшаи кори он дар давоми солҳои 2009 — 2010 ва масъалаҳои дигари ташкилӣ баррасӣ карда мешаванд. Маҷлис таҳти раёсати муовини вазири саноат ва тиҷорати Федератсияи Русия, раиси комиссияи байнидавлатии ҳамкории иқтисодию низомии СААД И.Матеров баргузор мегардад. Дар он муншии умумии СААД Н.Бордюжа низ иштирок хоҳад кард.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






