МАҶЛИСИ НАВБАТИИ УМУМИИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — 14 май ҳайати парлумонии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маҷлиси 32 — юми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ ширкат варзид. Дар маҷлиси мазкур ғайр аз ҳайатҳои парлумонии давлатҳои ИДМ, намояндагони ассамблеяҳои парлумонии САҲА, Созмони ҳамкории иқтисодии Баҳри Сиёҳ, Ассамблеяи парлумонии кишварҳои Осиё, Маҷлиси парлумонии Давлати иттифоқии Белорусия ва Русия, Конфедератсияи ҷаҳонии иттифоқҳои касаба, Суди иқтисодии ИДМ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, котиботи Кумитаи ҳамгироӣ, Созмони байналхалқии муҳоҷират, Анҷумани байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузург, Анҷумани байналмилалии соҳибкорон, парлумони Афғонистон ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ширкат варзиданд. Иштирокчиёни маҷлиси ассамблея бо назардошти таъсири дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва идеологию маънавии замони ҳозира масъалаи таҳияи қонунҳои марбут ба сиёсати ҷавононро дар давлатҳои ИДМ баррасӣ намуданд. Намояндагони парлумонҳои давлатҳои ИДМ ва меҳмонони ассамблея ташвишу изтироби ҷавонон, созмонҳои байналхалқӣ, парлумонҳо, ҳукуматҳо, ҷунбишҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро вобаста ба таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба шароити зиндагӣ, саломатӣ ва рушди ҷавонон ба назар гирифта, аҳамият ва зарурати муттаҳид сохтани кӯшишҳо ва ҳамоҳанг сохтани тадбирҳоро дар бобати тартибу таҳияи қонунҳои марбут ба ҷавонон таъкид карданд. Мухбири АМИТ«Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси мазкур нақшаи тайёрӣ ба ҷашни 65 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳокима карда шуд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






