МА&#1206ЛИСИ ИДОНАИ Ш&#1262РОИ &#1202АМКОР&#1250 ДАР СО&#1202АИ НА&#1178ЛИЁТИ РО&#1202И ОХАН

Май 21, 2009 15:22

                      Маскав, 21 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар шаҳри Минск маҷлиси идонаи 50 — уми Шӯрои ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан кушода шуд. Иштирокчиёни маҷлис дар давоми ду рӯз қариб 20 масъала, аз ҷумла, ҷараёни иҷрои қарорҳои маҷлиси гузашта, барномаи амалӣ сохтани самтҳои афзалиятноки ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, вазъи имрӯзаи ҳисобу китоб дар байни муассисаҳои роҳи оҳан, масъалаҳои марбут ба ҷадвали ҳаракати қатораҳо, ба рӯйхатгирии вагонҳо ва контейнерҳо ва фаъолияти бригадаҳои қатораҳои роҳи оҳанро дар мавриди рух додани фалокат муҳокима менамоянд.                       Дар маҷлис инчунин, низомномаи фаъолияти комиссияи Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои ИДМ, Латвия, Литва ва Эстония дар масъалаҳои ислоҳоти сохтории соҳа тасдиқ карда мешавад.                      Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ба унвони иштирокчиёни маҷлис номаи шодбош фиристод.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шӯрои мазкур моҳи феврали соли 1992 ташкил ёфта буд ва ба густариши ҳамкории муассисаҳои нақлиёти роҳи оҳани мамлакатҳои ИДМ мусоидат менамояд.

Май 21, 2009 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд