МАРОСИМИ ШИНОСОӢ
Маскав, 30 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- 29 май дар толори калони «Президент-отел»-и шаҳри Маскав маросими шиносоӣ бо фаъолияти агентии нави туристии «Авесто-тревел» ва маҷаллаи «Оригинал Тоҷикистон» баргузор гардид, ки чанде пеш дар пойтахти Русия ташкил ёфтаанд. Директори генералии агентии туристии «Авесто-травел» Фотима Достиева ва сармуҳаррири маҷаллаи «Оригинал Тоҷикистон» Ганҷина Майбалиева дар бораи ҳадафу вазифа ва фаъолияти муассисаҳояшон нақл карданд. Қайд карда шуд, ки агентии нави туристӣ ва маҷаллаи нав дар бораи Тоҷикистон мамлакати моро ба ҷаҳониён бештару хубтар шинос хоҳанд кард. Дар назди меҳмонон ва иштирокчиёни ҷамъомад Сафири кабири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев сухан кард. Дар маросими шиносоӣ бо фаъолияти ин муассисаҳо дастаҳои санъаткорони «Нур»-и шаҳри Маскав ва «Ғарибон»-и шаҳри Твер ҳунарнамоӣ карданд. Инчунин, шогирдони устоди либосҳои навбаромади Тоҷикистон Мукаррама Қаюмова ба ҳозирон либосҳои навро намоиш доданд. Ҳамчунин, дар мавзӯи «Гузашта, имрӯз ва фардои Тоҷикистон» викторина гузаронида шуд. Ба ғолибони он аз номи сарпарастони ҷамъомад — ширкати телевизионии «Мир», «Тоҷиксодиротбонк», Бунёди мероси фарҳангии «Помир» ва баъзе бонкҳои Русия тӯҳфаҳо супорида шуданд. Сипас, ба иштирокчиёни ҷамъомад маълумотномаҳо дар бораи агентии туристии «Авесто-тревел» ва шумораи аввали маҷаллаи «Оригинал Тоҷикистон» тӯҳфа карда шуданд. Сармуҳаррири маҷалла Г. Майбалиева ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар саҳифаҳои он роҷеъ ба таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик мақолаю суратҳо чоп карда мешаванд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






