МАСОИЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ ДАР ТАВАҶҶӮҲИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 24 майи соли равон дар шаҳри Димишқ бо пешниҳоди вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқоти чорҷонибаи сарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид. Ҳамчунин дар вохӯрӣ ҳайати Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва намояндагони Бонки исломии рушд иштирок намуданд. Дар ҷараёни гуфтушунид мавзӯъҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо муҳокима гардид. Сарони ҳайатҳо Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистонро оид ба лоиҳаи интиқол ва фурӯши нерӯи барқ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ «CASA 1000», ки 8 майи соли 2009 дар Вашингтон пахш гардид, дастгирӣ намуданд. Вобаста ба ин, тарафҳо ба гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд барои дастгирии лоиҳаи «CASA 1000» минатдорӣ баён карданд. Ҷонибҳо аҳамияти иҷрои муқаррароти Созишномаро миёни Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон оид ба таҳияи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқ «CASA 1000», инчунин инкишофи минбаъдаи бозори минтақавии нерӯи барқи Осиёи Миёна ва Осиёи Марказиро эътироф намуда, изҳор доштанд, ки ҳамбастагии низоми энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ метавонад ба халқҳои минтақа фоидаи иловагии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ оварда, дар иштироки иқтисоди миллии кишварҳо ва иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Дар мулоқот аҳамияти ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ба манфиати тамоми халқҳои минтақа махсус таъкид гардид. Иштирокдорони вохӯрӣ қарордодҳои дигари дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавӣ, лоиҳаҳоро роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, бо шумули идеяи пайваст намудани низоми энергетикии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дастгирӣ намуда, иҷроиши ҳарчи зудтари ин лоиҳа, андешидани ҳамаи чораҳои заруриро бо ин мақсад, аз ҷумла тадбирҳо дар бораи ба ҳукми қонун даромадан ва амалисозии Созишномаи чорҷонибаро дар кишварҳои худ ва маблағгузории Котиботи Шӯрои байниҳукуматиро, ки дар Кобул қарор дорад, таъкид дошта, аз кишварҳо ва ниҳодҳои дигари байналмилалии молиявӣ, ки хоҳиши дар лоиҳаи «САSА 1000» иштирок карданро доранд, даъват ба амал оварданд, то ба он бипайванданд. Дар зимн ҳайъати Амороти Муттаҳидаи Араб мақсади амалисозии лоиҳаи «CASA 1000»-ро дуруст арзёбӣ намуда, ҳавасмандии кишварашро дар бобати дар Абӯ Дабӣ ҷой додани қароргоҳи Агентии байналмилалии нерӯи таҷдидшавандаро (IRENA) ва ҳар сол ҷудо кардани 50 млн. доллари ШМА барои маблағгузории таҳияи лоиҳаҳои нерӯи таҷдидшаванда, гузарондани баҳодиҳии техникӣ-иқтисодӣ ва амалисозии онҳо иброз дошт.








Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






