МИҚДОРИ ЗИЁДИ МАВОДИ НАШЪАДОР НОБУД КАРДА ШУД

Май 30, 2009 11:08

                          Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).-29 май дар корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» дар доираи тадбриҳои бахшида ба 10-солагии таъсиси Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурӣ 1 тоннаю 155 киллограму 453 грамм маводи нашъадор нобуд карда шуд. Бештар аз 122 килограми он маводи пуртаъсири героин, зиёда аз 402 килограмм афюни хом ва 597 килограмм канабис мебошад. Дар маросими нобуд сохтани маводи нашъадор иштирокчиёни конфронси байналхалқӣ дар мавзӯъи «Таҳлил ва мубодилаи иттилоот, тавсиаи ҳамкории мақомоти муҳофизи қонуни минтақаи Осиёи Марказӣ» ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавии маҳалию хориҷӣ ҳузур доштанд.                         Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар давоми 10 соли фаъолияти Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон бештар аз 11 тоннаю 588 килограмм маводи нашъадор несту нобуд карда шуд.

Май 30, 2009 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд