МУЛОҚОТ ДАР ВКХ
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 6 май бо Муншии умумии Созмони аҳдномаи энергетикӣ Андре Мерние мулоқот кард. Зимни сӯҳбат роҷеъ ба тамоми самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва созмони мазкур табодули назар карда шуд. Ҳ.Зарифӣ изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба фаъолияти Созмони аҳдномаи энергетикӣ мароқи калон зоҳир менамояд, зеро он барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика дар минтақаи Евразия заминаи мусоиди ҳуқуқӣ муҳайё месозад. Дар робита аҳамияти амалӣ сохтани барномаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон таъкид карда шуд. Андре Мерние зикр кард, ки Созмони аҳдномаи энергетикӣ имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистонро яке аз омилҳои муҳимтарини таъминоти амнияти энергетикии минтақа мешуморад. Зимни сӯҳбат зарурати ҳамкории давлатҳои минтақа дар ин соҳа таъкид гардид. Меҳмон дар фарҷоми сӯҳбат зикр намуд, ки зимни сафар мехоҳад бо баъзе иншоотҳои гидроэнегтикии Тоҷикистон шинос шавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






