МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО МУНИР МИРАЛӢ
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 6 май бо намояндаи доимии Хазинаи рушди Созмони Оғохон дар Тоҷикистон Мунир Миралӣ мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои амалӣ сохтани барномаҳои Хазинаи рушди созмони Оғохон дар Тоҷикистон ва аҳамияти онҳо дар давраи бӯҳрони иқтисодӣ муҳокима шуданд. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон ба фаъолияти гуногунсоҳаи созмон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи мамлакат, хусусан амалӣ сохтани барномаҳои иҷтимоӣ ва расондани кӯмак ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ баҳои баланд медиҳад. Мунир Миралӣ изҳор намуд, ки бо вуҷуди идома ёфтани бӯҳрони молиявӣ ҳамаи барномаҳои Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Мо ба амалӣ сохтани барномаҳо дар соҳаҳои тандурустию маориф ва гуманитарӣ диққати бештар хоҳем дод, гуфт М.Миралӣ. Намояндаи Хазинаи рушди Созмони Оғохон ба қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи додани иҷозат ба интиқоли молҳои ғайринизомии НАТО ба воситаи қаламрави мамлакат ба Афғонистон баҳои мусбат дод. Баъдан мусоҳибон масъалаи тезонидани суръати сохтмони меҳмонхонаи нави панҷситорадори «Серена» — ро дар Душанбе баррасӣ намуданд. Ҳ.Зарифӣ дар фарҷоми сӯҳбат зикр намуд, ки айни ҳол кӯшишҳои Ҳукумати мамлакат ба ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об равона карда шудааст ва ба манфиати ҷумҳурӣ истифода бурдани имкониятҳои энергетикии мавҷуда яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат мебошад.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






