МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АНДРЭ МЕРНИЕ
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири Кулли Хартияи Энергетикӣ Андрэ Мерниеро ба ҳузур пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон ва Андрэ Мерние ин мулоқотро идомаи мантиқии сӯҳбате, ки онҳо се моҳ пеш дар шаҳри Брюсели Шоҳигарии Белгия доштанд, маънидод карда, ба таҳкиму густариши ҳамкорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. "Кишвари мо дорои захираҳои бепоёни энергетикӣ аст ва барои мавриди истифода қарор додани онҳо мо ба ҳамкории васеъ дар ин соҳа манфиатдорем", — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, "меъёру принсипҳои Аҳдномаи Хартияи Энергетикӣ, ки тамоми ҷанбаҳои фаъолиятро дар ин соҳа фаро мегиранд, заминаи хуби ҳамкорӣ ва истифодаи имкону захираҳои мавҷуда мебошанд". Андрэ Мерние дар посух изҳор дошт: -"Мо медонем, ки Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бӯҳрони энергетикӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёт илоҷи дигаре ғайр аз истифодаи захираҳои гидроэнергетикии худ надорад" ва таъкид намуд, ки Хартияи Энергетикӣ омодааст ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла дар Тоҷикистону Афғонистон мусоидати фаъол намояд.Дабири Кулли Хартияи Энергетикӣ мусоидат кардан ба эҷоди заминаи боэътимоди ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика ва ба бунёди бозори минтақавии нерӯи барқро аз ҳадафҳои асосии сафари худ ба Тоҷикистон маънидод кард. Эмомалӣ Раҳмон ва Андрэ Мерние оид ба фаъолгардонии меъёрҳои Аҳдномаи Хартияи Энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мавриди ҳамкориҳои энергетикӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқол, таъмини транзити озоди нерӯи барқ ва ҳамчунин оид ба сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ ва нерӯи барқ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Ба гуфти Андрэ Мерние, Хартияи Энергетикӣ дар сурати вуҷуд доштани иродаи сиёсӣ метавонад дар ҳаллу фасли ҳуқуқии баҳсҳои мавҷудаи миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба истифодаи захираҳои обию энергетикӣ саҳмгузор бошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






